Маводҳои таълимӣ ва омӯзишӣ дар Тоҷикистон: Чӣ тавр онҳо бо тадқиқоти хониш мувофиқ меоянд?
Sign inUSAID
Маводҳои таълимӣ ва омӯзишӣ дар Тоҷикистон: Чӣ тавр онҳо бо тадқиқоти хониш мувофиқ меоянд?
2016 · 52 pages

Abstract
Мақсади асосии ин гузориш аз гузаронидани тафсири чуқури салоҳиятнокиҳо (яъне стандартҳо) ва маводҳои таълимию омӯзишии (МТО) нав оид ба забони модарии тоҷикӣ иборат буд, ки моҳи ноябри соли 2015 барои кӯдакони синфҳои 1-4 таҳия карда шудаанд. Мушахассан мо салоҳиятнокиҳо ва дастаи МТО оид ба забони модариро аз лиҳози илми хониш таҳқиқ намуда, таваҷҷӯҳи асосиро ба он малакаҳо ва салоҳиятнокиҳое додем, ки аз ҳама беш муваффақиятро дар хониши бошуурона пешгӯӣ карда метавонанд ва чӣ тавр онҳо ба таври беҳтарин дар забони тоҷикӣ таълим ва баҳо дода мешаванд. Мушахассан мо се саволҳои асосиро таҳқиқ намудем: 1. Мундариҷаи асосии салоҳиятнокиҳои забони модарӣ барои синфҳои 1-4 аз чӣ иборат аст ва чӣ тавр онҳо бо тадқиқот оид ба рушди хониш мувофиқ меоянд? 2. Чӣ тавр китобҳои дарсӣ ва дигар МТО бо салоҳиятнокиҳои забони модарӣ мувофиқ меоянд? 3. Даркунии МТО аз тарафи ҷонибҳои манфиатдори таҳсилот чӣ гуна аст? Барои ҷавобдиҳӣ ба ин саволҳо мо таҳлили утоқии маводҳоро гузаронидем ва инчунин мусоҳибаҳо бо информантҳои асосиро (МИА) бо ҳамонвақта директори Донишкадаи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ дар назди Вазорати маориф ва илм (ВМИ) ва бо муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ баргузор намудем. Илова бар ин, мо гурӯҳи мақсадноки омӯзгорон (ГМО) ва ду мушоҳидаҳои дарсро дар мактабҳое гузаронидем, ки қисми Лоиҳаи хониши босифати USAID буданд. Натиҷаҳо аз сарчашмаҳои гуногуни маълумот нишон доданд, ки самтҳои зерин самтҳое мебошанд, ки ба таври наздик бо тадқиқоти кунунӣ мувофиқ меоянд: 1. Ҳар як стандарт бо салоҳиятнокии мушаххаси саводнокӣ алоқаманд мебошад, ки ин таҷрибаи хуб аст (бо вуҷуди
Connected topics
Classification
USAID DEC