USAID
Пухтани ғизо яке аз роҳҳои ба осонӣ ҳазм намудани маводҳои ғизонок буда, дар баъзе мавридҳо дастрасии биологии микронутриентҳоро меафзояд.
2019 · 18 pages

Abstract
Баҳри истеъмол ва нигоҳдории бехатари ғизо, роҳҳои гуногуни омода кардани он мавҷуд аст, ба монанди: ҷӯшонидан, дар буғ пухтан, таф додан, бирён кардан ва ғайра. Ҳарорати баланд ҳангоми омода намудани хӯрок, нест кардани микробҳои зарароварро дар он кафолат медиҳад, аммо баъзан, мутаасифона, маводҳои ғизонокеро, ки ба бадани мо зарур аст, нобуд месозад. Барои то қадри имкон нигоҳ доштани маводҳои ғизонок дар маҳсулоти хӯрока, онро набояд аз ҳад зиёд пазем, инчунин меваю сабзавотҳоро дар шакли хом (дар хуришҳо) ва ё дар буғ тайёр кардан, мувофиқи мақсад аст. Дастури “Намоиши хӯрокпазӣ”, ҳамчун раҳнамои содда ва мушаххас баҳри босифат гузаронидани намоишҳои хӯрокпазӣ, ташвиқоти ғизои бехатар, тарзи дурусти истеъмол ва омода намудани он, бо диққати хоса ба “ғизои наврасон” ва “1000 рӯзи тиллоии ҳаёти кӯдак” тартиб дода шудааст ва метавонад барои истифода дар муассисаҳои тандурустӣ мутобиқ карда шавад. Дастурамал барои нафароне, ки бо ҷомеа дар масъалаҳои вобаста ба “ғизо” кору фаъолият мекунанд: кормандони соҳаи тандурустӣ, кормандони соҳаи кишоварзӣ, наврасон, ихтиёриён, пешбинӣ шудааст. Дастури мазкур барои дастгирии таҷрибаҳои беҳтарин ва таъмини амалҳои дақиқ ҳангоми ташкил ва гузаронидани намоиши хӯрокпазии сифатнок дар ҷомеа, барои кормандони Лоиҳа ва Кормандони Ихтиёрӣ (волонтёрон) таҳия карда шудааст. Дар баробари ин, дастури мазкур, мусоидат мекунад ба: баланд бардоштани дониши аъзоёни ҷомеа оид ба усулҳои гуногуни пухтани ғизо, бо назардошти нигоҳдории маводҳои ғизонокии онҳо ҳангоми пухтан; тарзҳои пухтани ғизо аз навъҳои нави зироатҳои гуногун ва парвариши онҳо; қабул ва истифодаи навъҳои нави зироат аз тарафи ҷомеа; мусоидат намудан барои истеъмоли намудҳои гуногуни гурӯҳҳо
Connected topics
Classification